- дафтар
- I[دفتر]абзори шонамонанди бофандагонII[دفتر][муарраб аз юнонӣ]1. варақҳои коғази сафеди саҳҳофӣ ва ҷилдшуда (барои навиштан): дафтари мактабӣ, дафтари хотирот, дафтари қайд(ҳо)2. он чи дар он дахлу харҷ ҳисоб ё асомии касон қайд карда мешавад: дафтари синф3. китоб; маҷмӯа; асари навишташуда, таълифот: дафтари ашъор; дафтари бағалӣ дафтарчаи кисагӣ (барои қайдҳо); дафтари шикоят ва пешниҳод дафтари махсусе, ки дар он харидорону муштариён фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро роҷеъ ба тарзи кори мағозаву корхонаҳо ва коргоҳҳои хизматрасонӣ баён менамоянд; дафтари ҳавлӣ дафтари махсус дар идораи хонаю ҳавлиҳо барои ба қайд гирифтани истиқоматкунандагон; дафтари аъмол. д. ҳисоби кору кирдорҳо4. ҷое, ки дар он ба корҳои дафтарнависӣ машғул мешаванд; дафтари кор утоқи корӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.